23-юми феврал, бо супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, бахшида ба 31-солагии Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Халилзода Нуқрамоҳ, Комиссари ҳарбии шаҳр-Ҳусейнзода Юнус ва ҳунармандони бахши фарҳанг, сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷоб», қисми ҳарбии 0307-ро ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ мавқеъ дорад аёдат намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ба сарбозон дастархони идона ороста, як миқдор маводи ғизоӣ ва ширинию туҳфаҳо ва як мошини ҷомашӯӣ ба онҳо тақдим гардид.
Шоҳиён Саъдулло, сарбозону афсарони ин қисми низомиро аз номи шаҳрдорӣ Левакант бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барояшон хизмати содиқонаву софдилонаро ба халқу Ватан орзу намуд. Ӯ бо дигар намояндагони шаҳри Левакант, дар зиёфати идонаи сарбозон ҳамроҳ шуда, баҳри бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ бо онҳо суҳбат намуд ва таъкид дошт, ки хизмати Модар-Ватанро сарбаландона адо намуда, бо сари баланд ва ифтихори мардонагӣ ба назди падару модари худ баргарданд.
Сипас барои хушҳолӣ ва болидарӯҳии сарбозон аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Левакант барномаи рангини консертӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаш карда шуд.