15-уми март, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгири аз хурофот ва зиёдаравӣ, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Маҳмад Хидирзода бо гурӯҳи кории Мақомоти иҷроия, дар вақти намози ҷумъаи намозгузорони масҷиди ҷомеи шаҳр иштирок намуда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.

 

Ӯ зикр намуд, ки 9-уми марти соли равон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагону фаъолони ҷомеа ва ходимони дин мулоқот намуд. Зимни ин мулоқот яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Пешвои миллат зимни суханронии худ атрофи он муфассал андеша ронданд, масъалаи мубориза бо таассубу хурофот мебошад.

Пешвои миллат махсусан ба таассуб ва хурофоте, ки дар иҷрои маросими Ҳаҷ дар солҳои охир ба вуҷуд омадаанд, ишора карда, ба ходимони дин, масъулини вазорату кумитаҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати бартараф кардани ин гуна таассубу хурофоти «навбаромад»-и динӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Ҳамчунин Пешвои миллат аз ходимони дин ва фаъолон хоҳиш карданд, ки ба мардум роҷеъ ба муқаррароти маросими Ҳаҷ, шартҳои он, фарқияти Ҳаҷи фарзӣ аз «умра» маълумоти дурустро дар асоси таълимоти Қуръону аҳодиси набавӣ ва фиқҳи ҳанафӣ баён карда, бо ин роҳ барои пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ, таассубу хурофот ва тақлидкорӣ аз ҷониби шаҳрвандон дар иҷрои маросими Ҳаҷ кӯшиш кунанд.

Аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри иҷрои ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки моро аз хурофоту ҷаҳолат эмин медорад камар бандему ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем. Ва ба аҳли ҷомеа дуруст фаҳмонем, ки зиёдаравӣ накарда ба хурофоту бегонапарастӣ ва дигар амалҳои номатлуб даст назананд. Омадани наврасонро ба масҷид иҷозат надиҳанду ба таълимоти ғайриқонунии диннӣ даст назананд. Инчунин дар пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ бетараф набошанд.

Боиси зикр аст, ки чунин вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи гурӯҳҳои корӣ дар масҷидҳои шаҳри Левакант баҳри пешгири аз қонуншиканиҳо пайваста гузаронида мешаванд.