Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, тибқи нақша-чорабинии Шуъбаи КДАМ дар шаҳри Левакант, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирӣ аз хурофот, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд суҳбатвохӯрӣ баргузор гардид.

 

Дар ин вохӯрӣ муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, сардори Шуъбаи КДАМ дар шаҳри Левакант-Ҷонмаҳмад Ҷураев, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, эмомхатибон, раисони маҳалла, директорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Сардори Шуъбаи КДАМ дар шаҳри Левакант, дар баромади худ зикр намуд, ки имрӯзҳо дар саросари кишвар хурофотпарастию ифротгароӣ ташвишовар ба назар мерасад, ки ин ба ҷомеа бетаъсир нахоҳад монд. Барои пешгирии чунин ҳолатҳо мо бояд дастаҷамъона фаъолият намуда, ҷавонону наврасонро аз амалҳои номатлуб гардонему саҳми худро дар таъмини амнияти ҷомеа гузорем. Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли ҷорӣ иброз доштанд, «Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ муносибат намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо усулу воситаҳои заруриро дар сохтори давлатӣ ташаккул дод.

Таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумат, Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бақайдгирии 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо ва ташкили сафари дастҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра аз ҷумлаи иқдомоти дар ин самт амалигардида мебошанд».

Инчунин гуфта шуд, ки дар баробари тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷавонону наврасонро дар руҳияи инсондӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем, ки дар ин самт нақши мактабу маориф, ҷомеаи руҳониён ва дигар фаъолони ҷомеа калон мебошад.

Вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ибрози назар шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ дар ҳошияи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд. Дар натиҷа фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023 қабул гардид, ки мақсади асосии ин фармон аз баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иборат мебошад. Ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба мо имкон медиҳад, ки аҳли ҷомеа аз ҳуқуқҳои худ огоҳ шуда, дар доираи меъёр ва талаботҳои қонунҳои амалкунандаи кишвар фаъолият намоянд.

Инчунин ба омӯзгорон, фаъолон ва ходимони дин таъкид шуд, ки дар самти пешгири аз хурофот, зиёдаравӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, экстремизму терроризм ва дигар омилҳои номатлуб диқати махсус дода шавад то ки насли ҷавону наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ ба воя расад. Баҳри иҷрои талаботҳои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» барномаҳои давлатӣ ва таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф набуда, саҳмгузор бояд буд.

Ҳамзамон вобаста ба масъалаҳои болозикр байни иштирокдорон муҳокимарониҳо сурат гирифта баҳри пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон ва аҳли ҷомеа дар ҳудуди шаҳр ва берун аз он чорандешиҳо сурат гирифт.