Дар муассисаи давлатии таълимии томактабии №1-и шаҳри Левакант, бахшида ба иди Наврӯз чорабинии идона баргузор гардид.

Мудири баҳши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Раҳимов Файзулло дар оғози чорабинӣ тамоми тарбиятгирандагон, маъмурият, мурабияҳо ва волидонро ба ҷашни фархундаи Наврӯз табрик намуд.

 

Намоиш ва пешкаши ҳунарҳои миллӣ, таомҳои миллии наврӯзӣ ва шеъру суруду тарона аз бахшҳои вижаи чорабинии Наврӯзии дӯстрӯякони муассиса буд, ки бо як завқи баланд истиқбол аз ин иди бостонии Наврӯз гирифтанду хушҳолӣ карданд.

Албатта баргузории чунин чорабинӣ бахшида ба яке аз ҷашнҳои бостонии ниёгон Наврӯз дар кӯдакистон завқи тарбиятгирандагони ин боргоҳро ба суннатҳои неки ниёгон бедор сохта, ба ин васила урфу одат, расму оин ва ананоти гузаштаро аз хурди дар дили онҳо ҷой кардан аст.

Ҳар тарбиятгирандаи ин макон бо завқу салиқаи худ нақшеро иҷро кардаву бо хушнудӣ иди Наврӯзро ҷашн гирифтанд.