Дар ҷашни Наврӯзи деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти "Ваҳдат" ҳунармандон низ маҳсули меҳнати худро пешкаш намуда, бори дигар аз ҳунарманд будани мардуми тоҷик огаҳи доданд.

 

Сабадбофи чирадаст Гулчиной Саидова чанд сол аст, ки ба ҳунари сабатбофи машғул буда навҳои гуногуни сабатҳоро бофта, дар иду ҷашн ва чорабиниҳои муҳими давлатӣ пешкаш мекунаду аз сабатҳои бофтаи ӯ завқмандон истифода мебаранд. Ӯ ин навъи ҳунар яъне сабатбофиро ба хотири ривоҷ бахшидан ба аъзои хонавода ва дигар завқмандон меомӯзонаду аз ин лаззат мебарад.

Бояд гуфт, ки сабадбофӣ навъи ҳунари қадимаи мардуми тоҷик буда, дар тамоми манотиқи кишвар то имрӯз мавҷуд аст.

Сабадро аз химча ё дарахти навдаҳои бед, зарбед, маҷнунбед,тут, анор ирғай ва умуман он дарахтоне, ки навдаҳои росту ҳамвор ва нисбатан мустаҳакам доранд омода менамоянд. Сабад хелҳои гуногун дорад сабади гирда, сабади дарозрӯя, сабади нон, сабади дастадор ва чанд намуди дигар гуфт, ҳунарманд Гулчиной Саидова. Инчунин ӯ афзуд, ки сабадҳои гуногунҳаҷм ва гуногуншакл барои гирифтани мева,сабзавот, нон ва хушконидани қуруту меваҷот истифода карда мешаванд.