Имрӯз 9-уми май, бахшида ба 79-солагии Ғалаба дар ҶБВ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, беш аз 20-оилаҳои иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони ҷангу меҳнат аёдат карда шуданд.

 

Зимни ин аёдат муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, собиқадорони меҳнат, раисони ҷамоатҳои деҳоти «Гулистон»-у «Ваҳдат» аз ҳолу аҳволи оилаҳои собиқадорони ҷангу меҳнат бохабар шуда, ба онҳо кумакҳои пули расониданд.

Боиси зикр аст, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар арафаи ҳар иду ҷашн ва рӯзҳои махсус ба собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимони кулл ва оилаҳои ниёзманд кумакҳои молию пулӣ расонида мешавад.