Имрӯз 8-уми май, бахшида ба 79-солагии Ғалаба дар ҶБВ, дар муассисаи хусусии томактабии «Нигина»-и шаҳри Левакант байни тарбиятгирандагон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант-Султонов Ҳикматулло, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» Бароталиев Сафар, маъмурияти муассиса ва дигар меҳмонон иштирок намуда, намоиши идонаи тарбиятгирандагонро тамошо намуданд.
Тарбиятгирандагон шеъру суруд ва саҳнаҳои давраи ҷангиро бо завқи кӯдаконаи худ пешкаши иштирокдорону ҳамсолонашон гардониданд, ки пур аз бадеияту образҳои ватандӯстона буд.
Раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло ба маъмурият, мураббияҳо ва тарбиятгирандагони муассисаи мазкур барои таҳия ва пешкаши чунин як чорабинии ватандӯстона изҳори сипос намуда, тамоми тарбиятгирандагон ва кормандони муассисаро ба Рӯзи Ғалаба табрик намуд.
Сипас тарбиятгирандагон ва масъулини муассиса бахшида ба рӯзи таърихии Ғалаба дар ҶБВ собиқадоронро, ки ҳуқуқу имтиёзҳояшон баробар ба иштирокчиёни ҶБВ мебошад бо гулдаставу туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуданд.