Санаи 1-уми майи соли 2024 ташрифи роҳбари минтақаи Аврупои шарқӣ ва Осиёи марказии дафтари Институти Гёте (Goethe-Institut) доктор Ҳайке Уҳлиг бо ҳайати ҳамроҳонаш ба филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сурат гирифт.
Меҳмононро директори филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дотсент Баротзода Шарифхон Маҳмадхон пешвоз гирифта, бо онҳо мулоқоти судманд анҷом дод. Зимни вохӯрӣ масоили мубрами ҳамкориҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо, аз ҷумла марбут ба ташкили курсҳои омӯзиши забони олмонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Лозим ба ёдоварист, ки 5 марти соли 2024 ташрифи ректори Донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Асрорзода ба дафтари Институти Гёте дар шаҳри Олмон сурат гирифта буд, ки зимни он аз доктор Ҳайке Улинг ҷиҳати боздид аз ДБССТ, инчунин баррасии минбаъдаи масоили ҳамкорӣ даъват ба амал оварда шуда буд. Даъвати мазкур бо хушнудӣ пазируфта шуда, инак ташрифи ҷавобии меҳмонон ба Донишгоҳ сурат гирифт.
Меҳмонон аз пойгоҳи муосири омодасозии кадрҳои баландихтисос, ҳамзамон марказҳои омӯзиши забони руссӣ, Маркази тадқиқотии иқтисодиети сабз, бонки таълимӣ, сервиси тарабхонавӣ, маркази таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо дар филиали Донишгоҳ дидан намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ, самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳо, аз ҷумла дар самти ташкили марказҳои омӯзиши забони олмонӣ муайян карда шуданд.