Дар шаҳри Левакант баҳри пешгирӣ аз хуруҷи ҳашароти зараррасон – малахи марокашӣ дар таллу теппаҳои ҳамшафати ноҳияи Кӯшониён коркарди кимиёвӣ анҷом дода истодаанд.

 

Дар тадбири мазкур, ки имрӯз ба таври оммавӣ сурат гирифт, роҳбарияти шаҳр, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок доштанд.

Корҳои безараргардонӣ дар масоҳати наздик ба 50 гектар пастхамию доманакӯҳҳои душворгузар анҷом шуд. Дар шаҳри Левакант ба гуфти масъулон ҳоло хуруҷи малах ба қайд гирифта нашудааст ва кормандон баҳри пешгирӣ аз ин ҳашарот ҳудуди ҳамшафати ноҳияи Кӯшониён бо шаҳри Левакантро безарар гардонида истодаанд, то ин ки табиат ва кишоварзии ҳудуди шаҳр зарар набинад.

Боиси зикр аст, ки дар ноҳияҳои Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Шаҳритус ва Қубодиёни минтақаи Бохтар низ хурӯҷи малахи марокашӣ мушоҳида мешавад.

Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ дар вилоят ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, то имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии малах заҳрхимикатҳо, дорупошакҳо, сӯзишворӣ ва дигар лавозимот дастрас гардидааст.

Дар мавсими имсола мувофиқи дурнамо дар майдони 72895 гектар коркарди кимиёвии бар зидди малахи марокашӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз дар майдони тақрибан 30803 гектар хуруҷи малах ба қайд гирифта шудааст. Коркарди кимиёвӣ бошад дар майдони наздик ба 30 ҳазор гектар гузаронида шудааст.