Иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Эшова Боғигул дар якҷоягӣ бо масъулини Маркази ТТҲС-и шаҳр, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Боҳтурободи ҷамоати деҳоти "Гулистон" оид ба самаранокистифодабарии замин корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

 

Дар ин фаҳмондадиҳи масъулин

Оиди истифодаи оқилонаи замин, рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин, захираи дусолаи маҳсулоти ғизоӣ, пешгири аз амалҳои номатлуби терроризму экстремизм, пешгири аз ҷиноят, хурофотпарастию бегонапарастӣ, пешгири аз бемориҳои мавсимӣ, сироятиву ғайрисироятӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз ба сокинон таъкидҳои махсус намуданд.

Инчунин таъкид шуд, ки насли калонсол наврасону ҷавононро бояд дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расонида саҳми худро дар тарбияи маънавию меҳнатдӯстӣ гузоранд ва ҳеҷ гоҳ нагузоранд, ки ҷавонони мо ба фарҳанг ва урфу одати миллати бегона майл намояд.