Давиданро шоҳи варзш меноманд. Аз ҷиҳати тиббӣ ин намуди варзиш барои саломатӣ ва дуруст инкишоф ёфтани инсон нақши бузург дорад. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз 19-уми май, дар шаҳри Левакант, мусобиқаи ҷумҳуриявии «Дави миллӣ» ва «Марафони велосипедронӣ» таҳти унвони «ВАРЗИШ-ГАРАФИ САЛОМАТӢ» баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки ин мусобиқа ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба хотири омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим гузаронида мешавад.

 

Дар ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ дигар мудирону кормандони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, СНОБВ дар ш. Левакант, ҶДММ «Тоҷик-Азот» ва сокинон фаъолона иштирок намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ, иштирокдорони ин чорабинии умумимилии варзиширо ба рӯзи Дави миллӣ табрик намуда, аз тамоми иштирокдорон барои ширкати фаъол изҳори сипос намуд. Ва ҷиҳати сиёсати варзишпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ибрози назар намуда ба мусобиқа оғоз бахшид.

Масъулияти доварӣ ва баргузории чорабинии «Дави миллӣ» ва «Марафони велосипедронӣ» ба зимаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ буда, дар сатҳи хеле хуб гузаронида шуд.

Мувофиқи натиҷагирӣ дар мусобиқаи «Дави миллӣ» ва «Марафони велосипедронӣ» дар миёни наврасон, ҷавонон, калонсолон ҷойҳо муайян карда шуда аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант қадршиносӣ шуданд.

Дар маҷмуъ тамоми ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо "Медал" «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд карда шуданд.

Боиси зикр аст, ки дави миллӣ калонтарин ва боҳашаматтарин чорабинии мардуми тоҷик аст, ки дар кишвар баргузор мегардад. Он дар воқеъ фарогири пиру барнои мамлакат аст, ки аз хурд то бузург ҳама зери як иқдом, яъне солимии ҷомеа, ҳамовозӣ ва якдилии мардум иштирок мекунанд. Пас аз ба даст овардани Истиқлолият мо ҳамарӯза дар сартосари кишвар як қатор ҷашн ва ё ид дорем, вале иде, ки солимии ҷомеаро таъмин мекунад маҳз ҳамин Дави миллӣ аст. Бояд гуфт, ки ин ҳаракати миллӣ пеш аз ҳама баёнгари сарҷамъию саодатмандии миллат ба шумор меравад. Дави миллӣ ифодагари муттаҳидии миллати тоҷик мебошад.