Имрӯз 24-уми июл, тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо роҳбарии муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, намояндагони ШВКД дар шаҳри Левакант, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо дар ҳудуди шаҳр баҳри пешгири аз савдои кӯчагӣ ва бартарафнамоии дукону мағозаҳои мувақатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ намуданд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ ба соҳибкорон ва шаҳрвандоне, ки мағозаву ошхона ва дигар намуди марказҳои хизматрасонӣ доранд корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида таъкид доштанд, ки шиору овезаҳоро нав ва дар навиштаҷоташон аз забони давлатӣ истифода баранд. Инчунин назди бинои мағоза, ошхона ва марказҳои хизматрасонии худро тозаву озода нигоҳ дошта, аз савдои кӯчагӣ (фурӯши тарбузу харбуза ва дигар полезиҳо) дар кӯча даст кашанд ва маданияти шаҳрдориро риоя намоянд.
Бояд гуфт, ки дуконҳои мувақатие, ки бе иҷозати расмӣ дар аксар ҷойҳо гузошта шуда буданд, бардошта шуданд, ки ба соҳибони онҳо қаблан огаҳи дода шуда буд.
Боиси зикр аст, ки чунин рейдҳои муштарак ва батартибдарорӣ дар шаҳри Левакант ҳамарӯза идома дораду бо усули фаҳмондадиҳӣ маданияти шаҳрнишинӣ ҷори карда хоҳад шуд.