Имрӯз 24-уми сентябр, тибқи нақша-чорабинӣ гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, раис ва аъзоёни Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат, масъулини бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, бахши маориф ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроия, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, бо сокинони деҳаи Боҳтурободи ҷамоати деҳоти “Гулистон” вохӯрӣ намуданд.
Пешгири аз омилҳои номатлуб, ҷиноят, терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, зиёдаравӣ, пешгири аз пӯшиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, тарбияи дурусти фарзанд ва дигар мавзуоти муҳими рӯз дар ин вохӯрӣ мавриди матраҳи иштирокдорон қарор гирифт.
Аъзоёни гурӯҳи корӣ аз ҳар иштирокчӣ даъват ба амал оварданд, ки фарзандонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, кушиш намоянд, ки ҷавонон дар оянда ҳамчун номбардори миллату давлат ба воя расанд. Ба онҳо одобу рафтор ва дониши хуб омӯзонанд, зеро беҳтарин сармоя барои фарзанд, илм, дониш ва касбу ҳунар мебошад.
Инчунин вобаста ба баъзе паҳлуҳои зиндагӣ ва масъалаҳои доғи рӯз иштирокдорон бо аъзоёни гурӯҳи корӣ саволу ҷавоб карда ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.