Имрӯз 12-уми сентябр, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, тибқи нақша-чорабинӣ бо сокинони деҳаи Тоҷикободи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» вобаста ба мавзуҳои доғи рӯз вохӯрӣ ва суҳбат гузарониданд.
Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Халилзода Нуқрамоҳ, раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-Султонов Фарух, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомои иҷроия-Эшова Боғигул ва дигар фаъолон иштирок намуда оиди пешгирии омилҳои номатлуб баромад карданд.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо тамоми курраи ҷаҳонро хатари терроризму экстремизм ва ифротгароӣ таҳдид мекунад. Албатта он ба кишвари мо Тоҷикистон низ бетаъсир буда наметавонад. Аз ин хотир пешгири аз омилҳои номатлуб, терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, зиёдаравӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пушидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ, ки оқубати нохуб доранд кори дастаҷамъона мебошанд. Барои ҳамин мо бояд дар якҷоягӣ пеши роҳи чунин амалҳоро гирем.
Инчунин аъзоёни гурӯҳи корӣ аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки тозагию ободониро дар маҳал дар мадди аввал гузошта, ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҷиддӣ бинанд.
и ещё 5
Все реакции:
14Саодат Шамсова и ещё 13