Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 15 январи соли 2025, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант якҷояги бо ҳамшираи бунгоҳи саломатии Эшонобод ҷ/д Ваҳдат и ш.Левакант, байни аҳоли дарсҳои омузиши гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳроҳои Леваканту Бохтар 6 адад техникаи нави партобарорӣ ва роҳтозакунию хизматрасонӣ туҳфа карда шуд.
Имрӯз, 15 январ, дар расми қабули тӯҳфаҳо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
15-уми январ, бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Левакант ва ҷамоати деҳоти “Гулистон” дар маъракаи нави ниҳолшинонӣ, дар шафати роҳи асосии ҷамоат як миқдор дарахтони ҳамешасабзи арча шинонида шуд. Дар ин маъракаи кабудизоркунӣ муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, масъулини бахши кишоварзӣ ва ҷамоати деҳоти “Гулистон” иштиролк намуда, саҳми худро дар кабудизоркунии маҳал гузоштанд.
Баҳри пешгирии ҷавонону наврасон аз ҷиноят, омилҳои номатлуб ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, масъулини Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, як қатор мусобиқаҳоро ба роҳ мондаанд, ки ҳамарӯза гузаронида мешавад.
Кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию комунали»-и шаҳри Левакант, ҳамарӯза бо масъулияти баланди корӣ дар тозагию ободонии ҳудуди шаҳр саҳми назаррас мегузоранд.
Онҳо 15-уми январ, дар кӯчаи Рӯдакӣ, ки миқдори зиёди ниҳолони ҳамешасабз шинонида шудааст, обмонӣ намуда, кӯчаҳои шаҳрро тоза нигаҳ медоранд.