Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло ва масъулини Комисариати ҳарбии шаҳр, хизматчиёни ҳарбиеро, ки зимни адои вазифа дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳангоми муноқишаҳои марзӣ ҷароҳат бардошта буданд аёдат намуданд. Масъулин зимни аёдат аз ҳолу аҳволи ҷавонмардони шуҷои Ватан бохабар гардида, онҳоро бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо кумаки яквақтаинаи ғизоӣ таъмин намуданд.