15-уми март, бахшида ба Наврӯзи аҷам дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ чорабинии идона тантана кард.
Дар чорабинӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, муовини ректори ДБССТ-Зоирзода Исломбек, ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ-Саидзода Саидмаҳмуд, директори Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ-Сафарзода Умедҷон ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Чорабинии идонаи Наврӯзӣ аз намоиши таомҳои миллӣ, ҳафтсину ҳафтшин, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои донишҷӯёну омӯзгорон, дигар суннатҳои миллӣ иборат буда, манзури меҳмонону тамошобинон гардонида шуд.
Сипас як қатор омӯзгорону донишҷӯёни фаъол барои иштироки фаолона дар чорабиниҳо ва дигар дастовардҳо аз тарафи Донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамзамон барномаи фарҳангии омодакардаи донишҷӯёну омӯзгорон бо шукуҳи идонаи Наврӯзӣ манзури меҳмонону тамошобинон гардонида шуд.
Бояд қайд намуд, ки Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим марҳилаи зиёди пурпечутобро убур карда, то замони мо расидааст.
Тавре, ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.