ЛЕВАКАНТ: ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ БО СОКИНОН
Имрӯз 2-юми феврал, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти "Гулистон" вохӯрӣ намуда, ҳамзамон дастуру супоришҳои иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табариро ба сокинон расониданд.
Муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдуло вобаста ба нуктаҳои гуногуни Паём баромад намуда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти шаҳри Левакант дар корҳои ободонию созандагӣ саҳмгузор бошанд. Ҷавонону наврасонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд.
Раиси Ташкилоти собиқадорони шаҳр-Ҳикматулло Султонов дар иртибот ба суханронии Пешвои миллат зимни ироаи Паём дар боби худшиноси ва эҳтироми падару модар ва калонсолон баромад намуд.
Халилзода Нуқра мудиии бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия, ҷиҳати пешгирии занону бонувон аз пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона ва тарғиби ҳунарҳои милию мардумӣ ибрози назар кард.
Маҳмад Хидирзода мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия дар боби баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва баҳри пешгири аз ҷинояту дигар омилҳои номатлуб нуктаи назар кард.
Дигар аъзоёни гурӯҳи корӣ дар ҳамбастагӣ ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назароти худро баён доштанд.
Инчунин сокинон ва аҳли ҷамоатчигӣ аз ҳайати гурӯҳи корӣ ба саволҳои худ посухҳои мушахас гирифтанд.