ЛЕВАКАНТ: САҲМГУЗОРӢ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз 28-уми феврал, тибқи нақша-чорабинии Раёсати адлияи вилояти Хатлон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии филиали ДБССТ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёну омӯзгорон ва фаъолони шаҳр, вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, Раҷабзода Бибираҷаб Сафаралӣ-муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон, Қурбонзода Манучеҳр Муссо-нозири калони Шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Содиқзода Эмомалӣ-ёрдамчии прокуррори ҳарбии гарнизони Бохтар, Латифзода Талабшо-сарнозири Шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, масъулини идораи натариолӣ ва бахши САҲШ-и шаҳри Левакант ва дигарон иштирок намуданд.
Ин вохӯрӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти ба Маҷлиси Олӣ, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон», ҷалби ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Дар оғоз Шоҳиён Саъдулло муовини раиси шаҳр ҷиҳати бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ибрози назар намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар асоси дастуру супориҳои Пешвои миллат, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда бештар ба омухтани илму дониш машғул гарданд.
Раҷабзода Бибираҷаб Сафаралӣ-муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон, дар доираи эълн гардидани соли 2024, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баромад намуда, зикр дошт ки бояд ҳар як шаҳрванд баҳри пиёда сохтани дастуру супориҳои Пешвои муаззами миллат, дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ ва ҷомеа саҳмгузор бошад.
Пешгирии коррупсия ва дигар амалҳои коррупсионӣ имрӯз яке аз масъалаҳои доғи рӯз шудааст, сари ин мавзуъ бояд ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон андеша намояду баҳри пешгирии он мубориза барад гуфт, зимни баромади худ- Қурбонзода Манучеҳр Муссо-нозири калони Шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
Иҷрои бечуну чарои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон» аз ҷониби масъулини ниҳодҳои дахлдор масъалаи муҳиму ҳалталаб мебошад гуфт зимни баромадаш-Содиқзода Эмомалӣ-ёрдамчии прокуррори ҳарбии гарнизони Бохтар. Ҳамчунин ӯ афзуд, ки ҷавонон бояд дар навбати худ масъулиятшиносу ватандӯст буда, набояд аз хизмати Модар-Ватан саркаши намоянд.
Латифзода Талабшо-сарнозири Шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон низ бо овардани иқтибосҳо аз Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ дар боби эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баромад намуда, ҷавоноро ба худшиносию меҳанпарастӣ, дӯст доштани Ватан ва арзишҳои модию фарҳангии он, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва риояи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.
Боиси зикр аст, ки чунин суҳбату вохӯриҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ ва дарстуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва дигар сохторҳои зиддал бо аҳолии шаҳр пайваста гузаронида мешавад.