ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ИСТИҚЛОЛ

.

Тибқи нақша чорабинӣ гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо сокинони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант, вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ намуданд.

 

Дар ин вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, ёрдамчии раиси суди шаҳр-Ҳамзазода Аъзам, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Маҳмад Хидирзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихон Сафарзода иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои доғи рӯз баромад намуданд.

Зимни баромади аъзоёни гурӯҳи корӣ гуфта шуд, ки 9-уми марти соли ҷорӣ, дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем. Мавриди зикр аст, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.

Инчунин дар пешгири аз ҷиноят, қонунвайронкунӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи эълон гардидани соли 2024, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» таълиму тарбияи дурусти фарзанд, бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон, ҷалби ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати Модар-Ватан ибрози назар шуд.

Ҳамзамон вобаста ба имкониятҳо ва ҷалби ҷавонон ба омӯхтани касбу ҳунар, илму дониш, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию, шаҳрӣ, вилоятӣ ва байналмилалӣ ибрози назар шуда, такид гардид, ки ин сармояи неъруманди ҷомеаро мо бояд дар руҳияи худшиносию худогоҳи тарбия намоему ояндаи худро равшан созем.

Инчунин гуфта шуд, ки сазовор истиқбол гирифтанаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар як сокини кишвар масъулияти баландро тақозо менамояд дар ин хусус бояд ҳамаҷониба саҳмгузор бошему ин санаи фархундаи миллатро бо дастовардҳои арзишманд истиқбол гирем.