ЛЕВАКАНТ: МО ДАР ТАРБИЯ ҲАМРОҲЕМ

.

Таҳти чунин унвон бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар муассисаи давлатии таълимии томактабии №1-и шаҳри Левакант, бо иштироки падару модарон рӯзҳои волантиёрӣ ташкил шудааст.

 

Волидайн ва бобову бибии тарбиятгирандагони муассисаи мазкур, бо навбат дар рӯзҳои волантиёрӣ иштирок намуда, тибқи нақшаи муассиса дар машғулиятҳои мураббияҳо ҳамроҳ мегарданд. Ин иқдоми Раёсати маорифи вилоятро маъмурияти муассиса хеле хуб ҷорӣ намуда, дар ҳар машғулият волидайни тарбиятгирандагонро ҷалб месозанд.

Дар иртибот ба ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Хатлон вобаста ба Рӯзҳои волантиёрӣ дар муассисаҳои томактабӣ, мудири муассисаи давлатии таълимии томактабии №1, Дилором Каримова иброз дошт, ки ин иқдом хеле хубу саривақтӣ буда, робитаи падару модарро ба муассисаҳои томактабӣ қаъвитар мегардонаду сифати таълиму тарбия боз ҳам беҳтар мешавад. Инчунин ӯ баён дошт, ки волидони фаъол ва бобову бибиҳое, ки дар рӯзҳои волантиёрӣ таҳти унвони «Мо дар тарбия ҳамроҳем» иштирок ва саҳмгузорӣ менамоянд дар анҷоми сол бо туҳфагузориҳо қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Боиси зикр аст, ки рӯзҳои волантиёрӣ дар ҳамаи муассисаҳои томактабии шаҳри Левакант, гузаронида мешаваду падару модар ва дигар аъзои хонаводаҳои тарбиятгирандагон ҷалб мегарданд.