Корҳои фаҳмондадиҳи бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани таҷрибаомӯзии хатмкунандагон
Рӯзи 1-апрели соли 2024 бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани таҷрибаомӯзии хатмкунандагони Коллеҷи тиббии иҷтимоӣ дар шаҳри Левакант вохӯрии Сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Левакант
Эмомов Ҳ.С бо хатмкунандагон баргузор гардид. Дар чорабинии баргузоргардида, зарурияти алоқаи донишҳои назариявӣ бо амалия фаҳмонида шуда , донишҷӯён вазифадор шудаанд, ки тартибу интизом ва фаъолияти хешро дар ин раванд хуб ба роҳ монанд.Сардухтури беморхонаи шаҳрӣ таъкид кардаанд, ки барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Мудири кафедраи фанҳои "Асосҳои кори ҳамширагӣ"
Раҷабов Р. А баромад карда донишҷӯёнро вазифадор кардаанд, ки тамоми талаботҳои таҷрибаомӯзиро пурра риоя намуда , кушиш ба харҷ диҳанд, ки донишу малакаи касбии худро бой гардонанд.