ЛЕВАКАНТ: ФАЪОЛОН БОЯД ДАР ОБОДОНИ САҲМГУЗОР БОШАНД

.

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳо суҳбатвохӯрӣ гузаронид.

 

Муминзода Мастура ба кишоварзон таъкид намуд, ки мо дар мавсими кишту кори баҳорӣ қарор дорем ва бояд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда ҳар ваҷаб заминро мавриди кишт қарор диҳем то сабади истеъмолии мардумро таъмин карда тавонем. Кишти пахта бояд мувофиқи нақша ва самаранок бо риояи қоидаҳои агротехники ба роҳ монда шавад.

Инчунин ӯ афзуд, ки корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд тезонида шавад. Иншоотҳои ҷашни бошанд мувофиқи нақша давра ба давра сохта ба истифода дода шаванд. Мо бояд 35-солагии Истиқлолиятро бо дастовардҳои хубу назаррасӣ меҳнатӣ дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирем.

Ҳамзамон Муминзода Мастура ҷиҳати ташкили гурӯҳҳои корӣ вобаста ба корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонону наврасон аз экстремизму терроризм, ҷиноят, хурофот, зиёдаравӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, дигар омилҳои номатлуб, ҷалби ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бедор кардани ҳисси миллӣ ва худшиносӣ ба фаъолон супоришҳои махсус доданд.