ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ НАҚШАВӢ ДАР ДЕҲОТИ ГУЛИСТОН
25-уми апрел, тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар доираи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва пешгири аз ҷиноят ва дигар омилҳои номатлуб дар муссисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и шаҳр, бо сокинони деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти «Гулистон» вохӯрӣ баргузор гардид.
Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроия иборат аз муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, мудири бахши кор бо занон ва оила-Халилзода Нуқра, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Маҳмад Хидирзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Моҳираи Абдуғаффор ва фаъолон иштирок намуда, вобаста ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9-уми марти соли ҷорӣ бо фаъолон ва ходимони дини кишвар ибрози назар намуданд.
Гуфта шуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани соли 2024–ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбири муҳимму саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.
Инчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои тарбияи дурусти насли ҷавон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, риояи ҳатмии талаботи қонунҳои амалкунанда ва роҳнамоии наздикону пайвандон дар самти пешгирии хурофотпарастиву ифротгароӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, пешгири аз терроризму экстремизм, бегонапарастиву тақлидкорӣ ва дигар омилҳои номатлубе, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст, амри зарурӣ дониста шуд. Ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кору зиндагӣ қарор дода, дар такомули ҳисси баланди миллӣ ва худшиносии шаҳрвандон, инчунин ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар зуҳуроти номатлуб саҳм гузоранд.