ЛЕВАКАНТ: МЕҲНАТИ САМАРОВАР
Масъулин ва кормандону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳри Левакант, дар ободонию сабзкорӣ бисёр масъулияти баланд доранд. Ҳар ваҷаб замини назди муассисаро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле самаранок истифода бурда дар баробари кабудизоркунию ниҳолшинонӣ миқдори муайяни сабзавотро парвариш менамоянд, ки алакай қисме пухта расидаасту пеш аз ҳама имрӯз ҳосили картошкаро ҷамъоварӣ мекунанд.
Ногуфта намонад, ки муассиса навтаъсис асту замини наздаш коркард мехоҳад. Замини назди муассиса аз хок дида бештар сангреза дорад, аммо кормандони ин боргоҳи маърифат кушиш мекнанд, ки онро хеле хубу дуруст истифода баранду ниҳоли шинонидаву сабзавоти киштаашон боровар гарданд. Умед дорем, ки дар кутоҳтарин фурсат ниҳолу гулу буттаи бо заҳмати зиёд шинонидаи омӯзгорон бузург мешаванду ин макон ба як гушаи сабзи зебо табдил мегардад.