"Мо тарзи ҳаёти солимро интихоб менамоем"
Шиори чорабинии имрӯза буд, ки тибқи нақша-чорабинии МИҲД-и ва МТТҲС-и шаҳри Левакант, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Оқгазаи ҷамоати деҳоти «Гулистон» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Левакант, бахши кор бо занон ва оила, МТТҲС-и шаҳр, хонандагону омӯзгорони муассиса иштирок намуданд.
Аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроия ва мутахассисони МТТҲС ба хонандагони муассиса оиди шустани дастон, тозагии шахсӣ, эътибор додан ба саломатӣ, пешгири аз бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ маълумот, тавсия ва фаҳмондадиҳӣ шуд. Зимнан дар давоми чорабинӣ хонандагон бо забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ дар васфи Ватан, тозагӣ ва саломатӣ шеърҳо қироат намуда, суруду рақсҳои дилнишин ва саҳначаҳои тарбиявиро пешкаш намуданд.
Ба хонандагони фаъолоне, ки дар барномаи фарҳангии чорабинӣ вобаста ба масъалаи саломатӣ баромад намуданд, аз тарафи МТТҲС-и шаҳр туҳфаҳо тақдим гардид.