ЛЕВАКАНТ: ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНИ БАХШИДА БА РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

.

Бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант, 4-синфхонаи иловагӣ бо саҳми падару модар ва шахсони хайрхоҳу саховатпешаи маҳалӣ барои 200 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор гирифт.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Давлатов Маҳмадӣ ва дигар меҳмонон дар расми ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ иштирок намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ зимни ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ тамоми сокинони деҳаи Зағертутро бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, синфхонаҳои иловагиро туҳфаҳои хубе бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ ҳисобид. Ва ба сокинони маҳалу шахсони саховатпеша барои чунин иқдоми хайрхоҳонаву наҷиб изҳори сипос намуд. Ҳамзамон ӯ ваъда дод, ки дар кутоҳтарин фурсат бо ҷалби шарикони рушд боз 8-синфхонаи иловаги сохта барои фарзандони сокинони деҳа мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.
Инчунин дар ҳамин рӯз бо иштироки шаҳрдорӣ ва меҳмонон дар деҳаи Зағертут як мағоза ва сехи хурди дӯзандагӣ аз тарафи соҳибкорони маҳалӣ оилаи Бобобековҳо мавриди истифода қарор гирифт, ки ин ҳам туҳфаи хубе ба сокинони деҳа дар ҷашни Истиқлолияти кишвар ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант идома дошта, меҳнаткашони шаҳр кушиш мекунанд, ки дар ин давра корҳои бузургу назаррасеро ба анҷом расонанд.