Дар ҳошияи 30-солагии ҲХДТ: ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТ

.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон неруи бузурги сиёсиест, ки дар муҳимтарин марҳилаи давлатдориву бунёдгузории ҷомеаи демократӣ ба арсаи сиёсат ворид гардида, ҳамчун ҳизби зодаи даврони Истиқлоли Тоҷикистон бо дидгоҳи наву замонавӣ ва ғояҳои созандаву оядасоз миёни мардуми Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Агар ба таърихи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар андозем, ин неруи ояндасоз ва минбаъд ҳизби пешбарандаи ҷомеа дар замони басо мушкилу муараккаби сиёсӣ бо ибтикори Сарвари ҷавони мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ёфта, дар таҳкими раванди музокироти сулҳи тоҷикон, таъмини оромиву суботи ҷомеа, баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва барқарорсозии харобаҳои ҳодисаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ саҳми ниҳоят муҳим гузоштааст.
Ҳадафҳои пешгирифтаи поягузори ин ҳизби сиёсӣ, ки аз хостаҳову орзуҳои мардуми азияткашидаи Тоҷикистон ва ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ сарчашма гирифта, барои дар амал татбиқ намудани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини интихоботи озоду шаффоф ва волоияти қонун, ки ин ҳама ормонҳо кафили рушду пешрафти ҷомеа ва давлат арзёбӣ мегарданд, нигаронида шуда буданд.
Самараи қадамҳои устувори аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири расидан ба ҳадафҳои пешгирифта буд, ки тӯли 30-соли фаъолияти сиёсӣ ҳамасола сафи пайравони он аз ҳисоби намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа, ба хусус, ҷавонону бонувони касбу кори гуногун афзуда истодааст. Зарфияти муҳими ин неруи сиёсӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ аз ин нукта ибтидо мегирад, ки дар масири назди таърих начандон тӯлонӣ азму ҳадафҳои меҳварии он ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон нигаронида шуда, ҳамчун сипари боэътимод дар ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум нақши меҳварӣ бозида истодааст.
Чуноне ки дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари “Бист қадами созанда”-и худ ёдовар гардидааст: “Ҳизби мо табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккури эҷодии халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ як идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро таъсис додем”.
Дар суханҳои пурҳикмати Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон маънӣ ва ҳадафу ниятҳои ояндасози Пешвои муаззами мо таҷассум гардидааст, ки бозгӯи самимияту меҳру муҳаббати бузурги ин фарзанди фарзонаи миллат нисбат ба халқу Ватан ва сарзамини аҷдодии тоҷикон мебошад. Бинобар ин, мо ҳар як узви ҳизби роҳбарикунанда ҳамчун пайрави арзандаи сиёсати пешгирифтаи Президенти маҳбуби кишварамон масъулияти имониву виҷдонӣ дорем, ки ҳама саъю талошамонро баҳри татбиқи ҳадафҳои оинномавии ҲХДТ равона намоем.
Мавриди зикр аст, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ҳамчун сохтори маҳаллии ҳизби пешбарандаи ҷомеа дар татбиқи марому ҳадафҳои оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб нақши созгор дошта, дар рушду пешрафт ва иқдомҳои ободониву созандагӣ ҳамкориро бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва дигар сохторҳои тобеи он хуб ба роҳ мондааст.
Тибқи таҳлилҳо тайи се соли охир шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант аз 3039 ба 6816 нафар расидааст, ки аз ин 3972 нафар занону духтарон ва дар умум, 2415 нафари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷиҳати ҷалби аъзои нав ба сафи ҳизби пешбарандаи ҷомеа хусусан, ташкилотҳои ибтидоии назди ҶСК Азот, Корхонаи роҳи оҳан, ҶСП Силсиланеругоҳҳои Вахш ва Коллеҷи тиббии шаҳри Левакант саҳми пешоҳангӣ доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ заминагузори муваффақияту пешравиҳои ҳама самтҳои фаъолияти ҳизбӣ маҳсуб меёбанд. Аз ин лиҳоз, дар баробари саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи ҷомеа, таблиғу ташвиқи сиёсати давлатӣ ва ҳамкориҳо дар анҷоми иқдомҳои ободониву созандагӣ, ҳамзамон, мо – фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакантро мебояд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ донишу таҷрибаи худро самаранок истифода намоем. Зеро амалисозии иқдому ташаббусҳои ҳизбӣ ва дигар самтҳои муҳими фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз кори ташилотҳои ибтидоӣ вобастагии зиёд дорад. Маҳз бо густариши ҳамкориҳои ташкилотҳои ибтидоӣ бо кормандони идораву ташкилот ва дигар сокинони шаҳраку деҳот буд, ки давоми ду соли охир дар доираи ташаббуси ҳизбии «Сарбози ихтиёрӣ» аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант тавонистанд, ки 40 нафар ҷавонони ихтиёриро ба хизмати Модар – Ватан ҷалб намоянд.
Дар ин росто, фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар самти таблиғу ташвиқи сиёсати давлатӣ, шарҳу тавзеҳи қонуну қарорҳои батасвибрасида назаррас буда, иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроия дар самти риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қаноатбахш арзёбӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки ҳизбиёни шаҳри Левакант дар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» саҳми худро бобати баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии сокинон гузошта истода, тасмим доранд, ки ҷашнҳои пуршукуҳи кишварамонро бо дастовардҳои бузурги ҳизбӣ ва бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол намоянд.
Рамзист, ки дар “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷашнҳои фархундаи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ин санаҳои муҳим дар як сол ба вақуъ пайваста, таърихи пурифтихори мардуми шарафмади кишварамонро ба ёд меорад, ки дар соли 1994 нахустин Конститутсияи даврони Истиқлоли Тоҷикистони азизро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуда буданд. Пас аз як моҳи қабули ин санади тақдирсози миллату давлатамон бо иқдоми фарзандони фарзонаи кишвар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки бо марому мақсадҳои наҷиби ватандӯстона ба арсаи сиёсат гомҳои устувор гузошт. Ғояҳои ояндасози Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон маншаъ мегирифт, дар тарбия ва ташаккули зеҳнии ҷомеа таъсири ниҳоят мусбат расонида, дар таҳкими оромиву суботи ҷомеа ва ҷалби мардум дар барқарорсозии харобаҳои аз ҷанги шаҳрвандӣ боқимонда нақши босазои худро гузошт.
Умуман, самтҳои гуногунҷабҳаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушду пешрафти ҷомеа аз мавзӯъҳои беҳад доманадорест, ки дар як матлаб ё ҳатто дар як китоб намеғунҷанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири 30-соли фаъолият дар майдони сиёсат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо такяву эътимод ба неруи бузурги халқ рисолати бузурги миллату давлатсозиро ба уҳда гирифтааст.
Дастоварду муваффақиятҳои бузурги даврони Истиқлоли кишварамон татбиқи ҳадафҳои муҳими ободониву созандагӣ ва ноил гардидан ба амалисозии барномаву стратегияҳои муҳими рушд бозгӯи бебаҳс аст, ки ҲХДТ бо роҳбариву ҳидоятҳои хирадмандонаи Раиси муаззами он, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон зиндагии шоиставу саодати рӯзгорро таъмин карда истодааст.
Бо умеди дастоварду музаффариятҳои бештар дар ҷодаи давлатдорӣ, муаррифии арзандаи Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он дар арсаи олам, гузоштани қадамҳои устувор дар татбиқи барномаву ҳадафҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ ва саҳмгузории арзанда дар рушду сарсабзии сайёра ва беҳбудии ҳаёти аҳли башар ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ дар ҳаёти оянда ва кору пайкори ватандӯстона музаффариятҳои беназир орзумандам.
Бигзор ин суханони меҳандӯстонаву ҷонбахши Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамову ҳидоятгари мо дар зиндагӣ бошад: “Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолият ва осудагиву ваҳдат расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки танҳо ба туфайли онҳо мо метавонем давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд кунем”.
Муминзода Мастура Табарӣ,
иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант,
узви Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ
Возможно, это изображение 2 человека, отдел новостей и текст