ЛЕВАКАНТ: ҶАВОНОН НЕРУИ СОЗАНДАВУ ПЕШБАРАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТИ ТОҶИК.

.

 
Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади бо мақсади дар роҳи дуруст ва рӯҳияи ватандустиву ватондорӣ тарбия намӯдани ҷавонон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳ”-и шаҳри Левакант вохӯрии судманди намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо донишҷӯён дар мавзӯи “Ҷавонон неруи созандаву пешбараи давлату миллати тоҷик” баргузор гардид.
Во баста ба ин мавзӯъ наморяндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант қайд намуданд, ки: Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, қишри ояндасозу пешбарандаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Ҳамин аст, ки имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҷавононро дастгирӣ намуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим саҳми ҷавононро назаррас арзёбӣ менамоянд. Махсусан, ҷалби насли наврас ба омӯзиши мероси таърихӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷӯҳи хоси мақомоти раҳбарии кишвар ба эҳёву шинохти арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад.
Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёму баромадҳояшон таъкид менамоянд: «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд».
Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.
Воқеан ҷавонони бо нангу ори мо метавонанд тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд.