ЛЕВАКАНТ: НАЗОРАТИ ТАҲСИЛ АЗ ҶОНИБИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ

.

Имрӯз 22-юми октябр, масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Левакант, тибқи дастуру супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ аз вазъи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва №2-и шаҳр, дидан намуданд.

 

Масъулин дар ин рӯз ба тозагии гирду атрофи муассисаҳо вазъи зимистонгузаронӣ, давомоти хонандагону омӯзгорон, сатҳу сифати таълиму тарбия, рӯзномадорӣ, сару либоси ягонаи мактабӣ, китобҳои тарсӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба мактаб таваҷҷуҳ карданд.

Ба гуфти мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-Халилзода Нуқрамоҳ баҳри беҳтару хубтар ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешавад.