ЛЕВАКАНТ: АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!"
Таҳти чуин унвон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти чамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" ин дафъа аксияи иттилоотию тарғиботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Сайёҳ", баргузор карда шуд.
Мақсад аз баргузории аксияи мазкур арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маврид ба зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айёми басо мушкил сарварии мамлакатро ба ӯҳда гирифта, Тоҷикистони азизро аз вартаи нестшавӣ раҳонид.