ЛЕВАКАНТ: ҚАДРШИНОСИИ МЕҲНАТКАШОН АЗ ТАРАФИ ШАҲРДОРӢ

.

Имрӯз 21-уми октябр, Муминзода Мастура Табарӣ-иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант, зимни маҷлиси пагоҳирӯзии панҷдақиқаина тамоми меҳнаткашони шаҳрро барои иҷрои босифат ва пеш аз муҳлати нақшаи дурнамои пахтасупори сипосгузорӣ намуд.

 

Ҳамзамон роҳбарони корхонаҳои саноатии коркарди пахтаро дар қатори барзгарону хоҷагидорон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ намуд. Ва таъкид кард, ки бо вуҷуди иҷроиши нақшаи дурнамо то кураки охирини пахтаро, ки тиллои сафед ба ҳисоб меравад ҷамъоварӣ намуда, ҳар дақиқаи ҳавои мусоидро самаранок истифода баранд.