ЛЕВАКАНТ: ҒОЛИБОН ОЗМУН МУАЙЯН ШУД

.

Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, озмунҳои ҷумҳуриявии “Хушдомани беҳтарин” ва “Фарзанд боғи падару модар” баргузор гашта, ғолиби даври шаҳрии Озмуни “Хушдомани беҳтарин” бонуи ҳунарманду собиқадори шаҳри Левакант-Зебо Баротова бо хонаводаашон ва ғолиби Озмуни “Фарзанд боғи падару модар” оилаи Файзовҳо дониста шуд, ки падару модари хушбахт Файзов Маҳмадулло ва Гулова Нигинамоҳ дар даъвати тирамоҳии ҷавонон ду фарзанди худ Нуриддину Аҳмадшоҳро бо сари баланд барои хизмати Модар-Ватан ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел кардаанд.

 

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ба хонадони ҳарду оилаи муваффақ, ки воқеан ҳам арзандаанд рафта, аз тарзу усули тарбия ва рӯзгордоришон ошно шуданд. Ҳамчунин аз ҷониби Мақомоти иҷроия, онҳоро барои тарбияи дурусти фарзанд, дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карданд.

Боиси қайд аст, ки озмунҳои ҷумҳуриявии “Хушдомани беҳтарин” ва “Фарзанд боғи падару модар” тибқи нақша чорабинии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати мавриди амал қарор додани “Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2024 таҳти №136 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ шуда, бо мақсади таҳкими ниҳоди оила ва таҳияи масъулиятнокии падару модар ва фарзанд дар муносибатҳои оилавӣ, густариши фарҳанги оиладорӣ, нақши оила дар тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ мусоидаткунанда баргузор мегардад.

Озмун аз се давр иборат буда даври якум дар шаҳру ноҳия, даври дуюм дар вилоят ва даври ниҳоӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Мақсади асосии баргузории озмун, баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигаҳдорандаи анъанаҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқи дар муносибатҳои оилавӣ, тақвияти мақом ва нақши хушдоман дар оила ва ҷомеа, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар рӯзгордории оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ ва бесарпаноҳ мондани фарзандон, коҳиш додани раванди таъсиррасонии омилҳои доғи рӯз ба муносибатҳои оиладорӣ мебошад.