ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!

.

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ба кормандони ташкилоти ибтидоии “СН”-и Вашхи шаҳри Левакант, ки барои пайвастан ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза пешниҳод карда буданд ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим намуданд. Инчунин масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ба аъзоҳои нав оид ба банди 13-и роҳнамо “Узви ҳизб бояд чиро донад?” ҳаматарафа фаҳмониданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар миёни дигар ҳизбҳои сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муваффақу дастболо буда, дар баробари ҳадафҳои неку созанда тарбиятгари насли ҷавон дар масири хештаншиносӣ мебошад. Зеро роҳбарии ин Ҳизби созандаву бунёдкорро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ менамояд. Аз ин ҷост, ки пайравони мактаби хирадмандонаву сулҳпарваронаи Роҳбари ташаббускору навовар рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст.