ЛЕВАКАНТ: ИДОМАИ ВОХӮРИҲОИ ТАБЛИҒОТИ ДАР ДЕҲОТИ ГУЛИСТОН
Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, имрӯз 8-уми октябр, дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо сокинон суҳбатвохӯрӣ ва корҳои таблиғотӣ анҷом доданд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ аз масъулини шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, КИ ҲХДТ-шаҳри Левакант, раис ва аъзоёни Ташкилоти собиқадорони меҳнат, масъулини ҷамоати деҳоти «Гулистон» ва дигар фаъолон иборат буда, вобаста ба авзои сиёсии ҷаҳони муосир ва мавзуҳои доғи рӯз баромад намуданд.
Аз иштирокдорон, ки аксаран фаъолони деҳа мебошанд даъват ба амал оварда шуд, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободонию созандагӣ, пешгири аз омилҳои номатлуби терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, пушиши либоси ба фарҳанги мо бегона, таълимоти ғайриқонунии диннӣ ва дигар кирдорҳои ношоям саҳмгузорӣ намуда, дар ин самт бетарафиро ихтиён накунанд.
Инчунин ба падару модарон таъкид карда шуд, ки дар тар тарбияи фарзандон алалхусус насли ҷавон масъулиятшинос бошанд. Зеро тарбияи насли наврасу ҷавон танҳо ба зимаи мактаб набуда, аҳли ҷомеа дар тарбия вазифадор мебошанд.