АЛИҶОНИ САРБАНДӢ: «АЁДАТ ШУМО БАРОЯМ БЕҲТАРИН ТУҲФА АСТ»

.

Имрӯз раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ба аёдати адиби шаҳр-Алиҷони Сарбандӣ омада, ӯро ба ҷашни зодрӯзаш табрик намуд. Ҳамзамон дар ин рӯз ӯро бо кумакпулию ширинӣ хушҳол намуду бо ӯ як суҳбати хубе орост.

 

-Чи камбуди доред? Чи шикоят аст? Мо чи кумак кунем? Бо ҳамин шева шаҳрдорӣ ба Алиҷон муроҷиат кард.

-Ҳамин ки Шумо муҳтарам Раис дар зодрӯзи банда ба аёдатам омедед, беҳтарик туҳфаю кумак меҳисобам. Шукрона аз Истиқлолияти кишвар, шукрона аз Сарвари давлат мекунам, ки бароямон ҳамеша ғамхорӣ мекунанду ба воситаи намояндагонашон аз ҳоламон бохабаранд. Чунин гуфт, марди некбину некдил Алиҷони Сарбандӣ.

Албатта суҳбат хеле тул кашид. Ман фишурдаи онро нигоштам.

Бояд гуфт, ки Алиҷони Сарбандӣ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоштааст. Вай дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҷароҳат бардошта, аз ду пойи равон маҳрум мегардад, аз ин руҳафтода нашуда ба шеъру шоири майл мебандад, ки имрӯз яке аз адибони хушноми шинохта дар миқёси вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ ном баровардааст.

Бори дигар аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, аз номи колективи кормандони рӯзномаи «Нури Сарбанд» ва тамоми дӯстон, адиби шаҳр-Алиҷони Сарбандиро ба чунин рӯзи фархундаи ҳаёт шодбош мегӯям.

Зодрӯз Муборак!