ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИ БО ОМӮЗГОРОН

.

Ҷиҳати дар роҳи дуруст рабия намудани хоанадагон ва худори аз омилҳои коррупсионӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳр вохӯрӣ намуданд.
Масъулин қайд намуданд, ки омӯзгорон муваззафанд, ки дар таълиму тарбияи хонондагон саҳму нақши худро гузоранду онҳоро дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиромгузоштан ба арзишҳои миллӣ-фарҳангӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд. Аз ин рӯ омӯзгорон муваззафанд, ки дар таълиму тарбияи хонондагон саҳму нақши худро гузоранду онҳоро дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намоянд.
Инчунин таъкид шуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки ба ин амали фассод даст назанем ва поквиҷдонона кори худро дар назди халқу миллат анҷом диҳем.
Дар охир аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба як чанд омӯзгороне, ки тоза ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ бо тантана тақдим карда шуд.