ЛЕВАКАНТ: ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ПЕШРАВИИ ҶОМЕА НАҚШИ БУЗУРГ ДОРАНД
Имрӯз 9-уми октябр, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, намояндагони бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи, КИ ҲХДТ дар шаҳр, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Муассисаи давлатии Маркази ВНМО- шаҳр, авалан дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10, бо хонандагону омӯзгорон ва сипас тариқи усули “Хона ба хона” дар деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти "Ваҳдат" бо занону бонувон вохӯрӣ ва суҳбату фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар вохӯрӣ аз тарафи фаъолон гуфта шуд, ки имрӯзҳо амалҳои номатлуб, ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ, нашъамандӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, хурофотпарастӣ, зиёдаравӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, хушунатҳои хонаводагӣ ва як қатор мавзуҳои доғи рӯз ҳастанд, ки ба пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон халал ворид месозанд. Занону бонувон имконияти бузург доранд, ки бетараф набуда дар пешгирии чунин амалҳо саҳм дошта бошанд. Чун занон тарбиятгари насли наврасу ҷавон ва умуман ҷомеа буда, дар таълиму тарбия нақши бузург доранд.
Таъкид шуд, ки модарону занони мо бояд насли наврасу ҷавонро дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ба воя расонида, дар дили ҷавонон ғурури миллиро бедор созанд ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд.
Инчунин дар масъалаи тозагию ободонӣ, пешгири аз бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ таъкидҳои махсус карда шуд.