ЛЕВАКАНТ: АМАЛИЁТИ "ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ-ИФТИХОРИ МАН!"
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант баҳри зиёд намудани аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандон, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Левакант маъракаи муқоисакуни аъзои ҳизб ва амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман!” роҳандозӣ гардидида истодааст.
Ҳамарӯза марҳила ба марҳила аз имкониятҳо истифода намуда дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳаракати аъзои ҳизб муайян ва тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавобгӯ шуда истодааст.
Ин навбат аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ба якчанд аъзоёне, ки тоза ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.
Ҳамзамон масъулини Кумита ба ҳар як аъзои нав зимни шаҳодатномасупорӣ, ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, инчунин сари вақт пардохт кардани ҳаққи узвият, тақвият бахшидани тарзи дурусти ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Бояд ёдовар шуд, ки "Шаҳодатномаи ҳизбӣ" яке аз ҳуҷҷати асосии ҳар як аъзои ҳизб ба шумор меравад. Аз ин рӯ ҳар як аъзои ҳизб барои тозаву озода ва бо тартибу низоми муайян нигоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ масъул аст.