ЛЕВАКАНТ: КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР ЛКСК

.

20-уми феврал, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳи корӣ иборат аз сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия-Сангова Фариштамоҳ, масъулини Маркази ТТҲС-и шаҳр, масъулини Муассисаи давлатии Маркази пешгирии ВНМО бо донишҷӯёну омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант корҳои таблиғотию ташвиқотӣ гузарониданд.

 

Пешгирӣ аз пӯшиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона (сатру ҳиҷоб), пешгири аз хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз ҷиноят ва дигар омилҳои номатлуб, пешгири аз бемориҳои сироятӣ ва мавсимӣ аз масъалаҳои суҳбатвохӯрӣ буд, ки гурӯҳи корӣ дар ҳар як синфхона бо донишҷӯёну омӯзгорон фаҳмондадиҳӣ карданд.

 
 
 
 
 
 
 
 
 
и ещё 4