САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА
Левакант-шаҳри нур, шаҳри сабз, шаҳри зебо, шаҳри гулҳо, шаҳри орзуҳост.
Бо иқдом ва ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир аст, ки дар фасли баҳор дар тамоми манотиқи кишвар Фестивали «Сайри гули лола» гузаронида мешавад.
Ба ин муносибат имрӯз 18-уми март, бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, як гурӯҳ занону бонувон ва гулдухтарон бо либосҳои миллӣ дар табиат зебои шаҳри Левакант сайри гули лола карданд.
Бояд гуфт, ки «Сайри гули лола» як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз буда, эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад.
Ба гуфти таърихшиносон, дар гузашта ин ойин дар сарзамини Суғди бостонӣ, Бохтари қадим ва баъзе манотиқи дигар бо номи “Ҷашни гули сурх” хеле шукӯҳманду хотирмон баргузор мегардид.
Тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хос доир намудани «Сайри гули лола» дар сатҳи маҳалла, деҳот, шаҳр, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошад.




