ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ МАКТАБ АБ МАКТАБ
Имрӯз 15-уми март, бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо бахши маориф ва Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, бо волидайн ва хонандагони зинаи сеюми таҳсилот суҳбат-вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш-Шодихон Сафарзода, мудири бахши маориф-Раҳимов Файзулло, раиси Ташкилоти собиқадорон-Султонов Ҳикматулло, волидайну хонандагон иштирок намуданд.
Аз тарафи ҳайати гурӯҳи корӣ вобаста ба сатҳу сифати таълиму тарбия, пешгирии ҷавонон аз ҷиноят ва дигар омилҳои номатлуб, пешгири аз пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, риояи либоси мактабӣ ва талаботҳои мактаб, робитаи падару модар ба мактаб, иштироки фаъолонаи хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат» муҳокимаронӣ шуд.
Таъкид гардид, ки бояд хонандагон хуб хонда, бо илму дониш муҷаҳаз гарданду ҳамқадами замон бошанд ва бо ҷонибдорӣ аз ташаббуси раиси вилояти Хатлон ҷиҳати эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли фарҳанги китобхонӣ» бештар ба китоб ва илму дониш рӯ биоранд.