ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГӢ ДАР МАВЗЕҲОИ САЙЁҲӢ
Имрӯз 14-уми март, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр, дар мавзеҳои саёҳии қаламрави ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» шанбегии умумишаҳри гузаронида шуд.
Дар ин шанбегӣ, масъулини Мақомоти иҷроия, КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, кормандони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», масъулини бахши ҳифзи муҳити зист, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, роҳу нақлиёт ва дигар соҳаҳо фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар тозагии мавзеҳои сайёҳӣ гузоштанд.
Боиси зикр аст, ки ҳамасола бо фаро расидани фасли баҳор сайёҳони зиёди дохилу хориҷ ба ин минтақа омада истироҳату фароғат менамоянду ҳузуру ҳаловат мебаранд. Дар тозагии он бошад ташкилоту корхонаҳои шаҳри саҳм мегузоранд.
Чунин шанбегӣ ва тозакориҳо имрӯзҳо дар тамоми қаламрави шаҳр бо ҷалби сокинон ва кормандони ташкилоту корхонаҳо ба хотири ҳифзи муҳити зист ба роҳ монда шудааст.




