ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГӢ ДАР МАРКАЗИ ШАҲР
Имрӯз 3-юми апрел, бо супориши раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ баҳри тозаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳо, гулшинонию кабудизоркунӣ ва дигар корҳои ободонӣ шанбегии умумишаҳрӣ ташкил карда шуд.
Масъули ташкили ин шанбегӣ ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» буда, худи кормандони ҷамоати шаҳрак ва тамоми ташкилоту корхонаҳо ба шанбегӣ ҷалб гардиданд.
Раиси ҷамоати шаҳраки «Сарбанд»-Султонов Фарух иброз дошт, ки дар шанбегии имрӯза кормандони тамоми ташкилоту корхона ва муассисаҳо, аз ҷумла соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва сокинон ҷалб гардида, ҳар кадоме саҳми худро дар ободонии шаҳрак гузоштанд. Инчунин ӯ иброз дошт, ки чунин тозагию ободониро ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри Левакант пайваста хоҳанд гузаронид.




