ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА
Мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Муассисаи давлатии Маркази пешгирии ВНМО-и шаҳри Левакант, корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули фардии «хона ба хона» вусъат бахшиданд.
Онҳо дар ин рӯз ба беш аз 50 оилаи кӯчаҳои Носири Хусрав, Вахш 1 ва 2, вохӯрӣ намуда, оиди пешгирии бемориҳои бо ваксина идорашаванда бахусус бемории сурхчаи гулафшон, саривақт ба қайд гирифтани занҳои ҳомиладор, пешгирии камхунӣ, риояи фосилаи байни таваллуд ва пешгирии фавти модару кӯдак маълумот дода фаҳмондадиҳӣ карданд.
Боиси зикр аст, ки чунин корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ аз тарафи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, Маркази ТТҲС, Маркази пешгирии ВНМО ва дигар сохторҳо тариқи усуси «хона ба хона» пайваста гузаронида мешаванд.




