ЛЕВАКАНТ: НИШАСТИ ХАБАРӢ БО ҲУЗУРИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО

.

Имрӯз 8-уми феврал, бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант, муовинон, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, намояндагони ВАО дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и шаҳри Левакант, нишасти хабарӣ баргузор гардид.

 

Дар нишаст, бурду бохт ва фаъолияти тамоми соҳаҳои шаҳри Левакант дар соли 2023, мавриди баррасӣ ва пурсишу посухи рӯзноманигорон бо масъулини шаҳри Левакант сурат гирифт.

Зимни пурсиши намояндагони ВАО Муминзода Мастура Табарӣ иброз дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳоро ба роҳ монда фаъолияти худро аз беҳбуд бахшидан ба соҳаҳои маъориф, тандурустӣ, фарҳанг ҷараён мебахшад. Инчунин ӯ афзуд, ки кушиш мекунанд дар кутоҳтарин фурсат камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф ва суръати корҳои ободониро бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метезонанд.

Бо ҳамин намояндагони ВАО ба ҳамаи саволҳои худ аз шаҳрдорӣ ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳо посухҳои мушахас гирифтанд.