ЛЕВАКАНТ: ШАҲРДОРӢ АЗ Ҷ/Д "ГУЛИСТОН" ДИДАН НАМУД

.

12-уми феврал, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ аз бинои ҷамоати деҳоти "Гулистон" корҳои ободонӣ ва вазъи зиндагии мардуми деҳот дидан намуд. Ӯ аввалан ба ободонии худи бинои ҷамоат таваҷҷуҳ намуд, утоқҳои кории ҷамоат, китобхонаи деҳотӣ, ҳуҷраҳои тавонбахшӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки дар бинои ҷамоат ҷойгиранд таваҷҷуҳ кард. Нисбати ободу зебогардонӣ, насби шиору овезаҳо, кабудизоркунию гулшинонӣ ба масъулини ҷамоат тавсияҳо дод.

 

Сипас Муминзода Мастура ҳамроҳи гурӯҳи кории худ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7, дидан кард. Ӯ ҷиҳати сохтани синфхонаҳои иловагии замонавӣ ва ба тартиб даровардани намои зоҳирии муассиса ба аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар масъулин супоришҳои мушахас дод. Ин шаҳрдорӣ ба вазъи зиндагии мардуми деҳот аз наздик шинос шуда аз мушкилоташон пурсон шуд.