ЛЕВАКАНТ: КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР КӮЧАИ РӮДАКӢ

.

Дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Левакант, бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ, муовинони раис, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонпҳо корҳои ободонӣ гузаронида шуд. Барои сабзиш ва эмин нигоҳ доштани ниҳолони шинонидашуда атрофашон симтур гирифта шуд. Ва дигар корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ин кӯча ҷараён гирифт. Дар рӯзҳои наздик боз ниҳолшинонӣ ва кабӯдизоркуни дар ҳамин кӯча ба нақша гирифта шудааст.