ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ БАШАРДӮСТ

.

Имрӯзҳо аёдати пирону собиқадорон ва дасти кумак дароз намудан ба ниёзмандон дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант гаштааст. Дар пайи ин тадбир имрӯз 14-уми феврал бахшида ба рӯзи баровардани қӯшунҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон намояндагони Мақомоти иҷроия чанд тан ҷанговарони башардӯстро аёдат намуда аз ҳолу аҳволашон хабар гирифтанд.

 

Шоҳиён Саъдулло мувини раиси шаҳри Левакант, бо онҳо суҳбат намуда, ҳамзамон гуфт, ки вобаста ба саломатӣ ва вазъи оилавӣ ҳар мушкиле, ки доранд ба Мақомоти иҷроия муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин ба онҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроия кумакҳои якдаъфаинаи ғизоӣ расонида шуд, ки аз ин иқдом собиқадорони башардӯст хушҳол гардиданд.