ЛЕВАКАНТ: НИҲОЛШИНОНӢ ДАР КӮЧАИ РӮДАКӢ

.

Кӯчаи Рӯдакии шаҳри Левакант, калонтарин кӯча буда, роҳи асосии аксар корхонаҳои саноатии шаҳр мебошад. Имрӯз 15-уми феврал, бо супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ дар ин кӯча ҳашари ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Кормандони ташкилоту корхонаҳо дар ҳашари ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок намуда, як миқдор ниҳолони ороишию ҳамешасабзи арча шинониданд, ки бо бузург шуданашон метавонанд ҳам зебогии кӯча ва ҳам тозагии ҳавои муҳити зистро таъмин намоянд.

 

Вобаста ба чи тарз шинонидани ниҳол ва дуруст ба роҳ мондани корҳои сабзиши он ба ҳар як ҳашарчӣ мудири бахши ҳифзи муҳити зисти Мақомоти иҷроия-Шоҳрух Самадзода тавсияҳо дод.

Бояд гуфт, ки сабзиш ва нигоҳубини ниҳолони шинонидашуда, ба зимаи ҳар як ташкилоту корхонаи ҳудуди шаҳр вогузор шудааст.

Инчунин дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ дар кӯчаҳои марказии шаҳр қубурхобонию латокмонӣ карда шуд.

Чун дар пешорӯи мо ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолия ва дигар санаҳои таърихию ҷашнвораҳо меистад, сокинони шаҳр бо ҳисси баланди миллию масъулиятшиносӣ дар корҳои ободонию созандагӣ камар бастаанд.